ҚАДАМИ ФАРХУНДАИ НАВРӮЗ
Душанбе ,16 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Қадами фархундаи Наврӯз»- таҳти чунин унвон 18 март дар Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар намоиши китобҳо баргузор мегардад. Дар он беш аз 50 китобу маҷалла ва мақолаҳо дар бораи таърих ва анъанаҳои Наврӯзи аҷам , ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори китобхона Қурбон Афғонов хабар дод, дар доираи намоиши китобҳо «Маҳфили дӯстдорони каломи бадеъ» бо номи «Наврӯз — баҳори орзуҳо» гузаронида хоҳад шуд. Дар он талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт, ки хонандагони фаъоли китобхонаи бачагона мебошанд, иштирок менамоянд. Намоиш то 25 март давом меёбад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






