ҲАЙАТИ ШАБАКАИ АВВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 18 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Рӯзҳои наздик директори генералии озмуни ҳунарии «Панҷ ситораи интервизион» Н.Смариго, директори барномаҳои мусиқии шабакаи мазкур Ю.Оқсюта ва раиси Бунёди байналхалқии ҳамкории башардӯстона Ҷ.Полиев барои муҳокимаи масъалаҳои ташкилу гузаронидани озмуни байналхалқии мазкур ба Душанбе меоянд. Онҳо дар давоми чор рӯзи сафар бо роҳбарияти вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон шартҳои гузаронидани озмунро муҳокима ва мувофиқа менамоянд. Дар ҷараёни мулоқотҳо рӯзи гузаронидани озмун, ороиши саҳнаҳо, ҷои гузаронидани озмун, барнома ва ҳайати овозхонон муайян карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои техникии гузаронидани озмунро ҷониби Русия ба зимма гирифтааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






