ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА МАСКАВ РАФТ

Март 27, 2009 12:01

                           Душанбе, 27 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Конфронси махсуси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба Афғонистон 26 март ба Маскав рафт. Ҳ.Зарифӣ имрӯз дар конфронси мазкур сухан мекунад. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба проблемаҳои мубориза ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккилона муҳокима карда мешаванд.                           Иштирокчиёни конфронс дар фарҷоми он нақшаи тадбирҳо ва изҳороти давлатҳои аъзои СҲШ ва Афғонистонро бахшида ба проблемаҳои мубориза ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккил кабул хоҳанд кард.                           Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни конфронс мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Махдум Қурайшӣ ва намояндаи ҳайати Олмон ба нақша гирифта шудаанд. Ҳ. Зарифӣ 29 март ба Душанбе бармегардад.  

Март 27, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд