ҲИКОЯҲОИ ҶАЛОЛИ ОЛИ АҲМАД ДАР ДУШАНБЕ НАШР ШУДАНД

Март 19, 2009 15:46

                  Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз чопхонаи «Пайванд» маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи бузургу муосири эронӣ Ҷалоли Оли Аҳмадро аз чоп баровард. Китоби мазкур бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Душанбе бо теъдоди 1000 адад нашр шудааст. Онро Дилафрӯзи Икромӣ аз форсӣ ба кириллӣ баргардонидааст.                  Дар ин китоб ҳудуди 20 ҳикояи адиби шинохта гирд овард шудаанд, ки дар онҳо паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ таҷассум ёфтааст.                   Ашъори нотакрори нависанда, бахусус достону новеллаҳо, мақолаҳо, андешаҳо аз аввали солҳои 60-и саддаи 20 то ҳол дар рушду густариши адабиёти муосири Эрон нақши босазо гузоштааст. Пешгуфтори Сафири Кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ба китоб ҳусни оғоз бахшидааст.

Март 19, 2009 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад