ҲУНАРПЕШАҲОИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОКУ
Душанбе, 27 март. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 20 то 25 март дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон фестивали байналхалқии «Мақом» баргузор гардид. Дар ин фестивали бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, Озодамоҳ Мўҳтарамова, Муҳаммадалӣ Аюбов ва ҳамчунин Абдувалӣ Абдурашидов бо гурӯҳи шогирдонаш ҳунарнамоӣ карданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳайати мазкурро сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ Манасим Мадиёров роҳбарӣ намуд. Дар ин ҷашнвора инчунин аз кишварҳои Эрон, Чин, Итолиё ва Амрико иштирок доштанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






