ҶАШНИ НАВРӮЗӢ
Ҳамадонӣ, 20 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар соҳаи идиология Наргис Муқимова хабар дод, ки 22 март дар боғи фарҳангии ноҳия бахшида ба ҷашни — Наврӯзи ҳуҷастапай ҷамъомади бошукӯҳ баргузор мегардад. Дар он барномаи театрикунонидашудаи шӯъбаи фарҳанги ноҳия намоиш дода мешавад, ки намунаи ҳунарҳои миллӣ, чакандӯзӣ, заргарӣ ва дигар расму оинҳои қадимаро дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ин ҷашн аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида хоҳад шуд. Ҷамъияти матлубот ва бозори марказии ноҳия ярмаркаи фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ ва дигар маводи ниёзи мардумро ташкил менамоянд. Инчунин хӯрокҳои миллӣ аз қабили суманак, далда, оши бурида, ширбиринҷ ва дигар навъи таъомҳои миллӣ пешкаши мардум карда мешаванд, гуфт Наргис Муқимова.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






