ҶОМИ НАВРӮЗ -2009 НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?
Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни бостонии Наврӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи наврӯзии варзишӣ -гӯштини миллӣ беш аз 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ин маблағҳо барои ба ғолибони мусобиқа харидорӣ намудани тӯҳфаҳо- аз қабили қолину чанггашак, телевизор, маркази мусиқӣ, мавҷгири параболӣ ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Ҷоизаи асосии мусобиқаи варзишии гӯштингирӣ -Ҷоми Наврӯз 2009 буда, арзиши он 1100 сомониро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ рӯзи 22 март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он аз тамоти минтақаҳои ҷумҳурӣ гӯштингирони номӣ даъват шудаанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






