А. САТТОРОВ: « ОЗОДИИ СУХАН ДАР ҶТ БО КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ МУҚОИСАНАШАВАНДА АСТ»

Март 10, 2009 13:18

            «Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот             зиёиёни миллат рӯшан карда буданд, то ба             имрӯз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар             месозад». (Э. Раҳмон).            Ҳанӯз 97 сол муқаддам, аниқтараш 11 марти соли 1912 нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Бухорои Шариф» бо ибтикори яке аз шахсиятҳои равшанфикру бомаърифати он даврон Мирзоҷалол Юсуфзода, ки аз аҳли Боку буд, нашр гардид. Мақолаҳое, ки дар рӯзномаи «Бухорои Шариф» чоп мешуданд хеле озодона ва аз бедории шуур, худшиносию худогоҳӣ ва маърифати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Аз ин рӯ, чопи чунин мақолаҳои воқеъбинона ва озодона ба ҳокимони Аморати онвақтаи Бухоро ва Сафорати Русия маъқул наафтиданд. Онҳо тавонистанд дасту пои тифли навзод, ки ҳанӯз як сол дошт -рӯзномаи «Бухорои Шариф»- ро дар гаҳвора сахтар бубанданд. Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Яъне баъди нашри 153 шумора рӯзномаи нахустини тоҷикон -«Бухорои Шариф» аз ҷониби зимомдорони он вақт баста шуд.              Бояд тазаккур дод, ки чопи нахустин рӯзнома- «Бухорои Шариф» ба забони шевои тоҷикӣ тавонист дар бедории шуури миллии тоҷикон, худшиносӣ ва ҳифзи тамомияти арзии миллии давлатдории тоҷикон такони бузург бахшад, ки он баъди 12 -17 сол натиҷаи босамаре дод.              Чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушду нумӯи минбаъдаи матбуоти тоҷик заминаи боэътимод ва қадами устуворе гузошт. Инак, аз рӯзи таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ беш аз 90 сол пур шуд. Ин рӯзи саиду фархунда, 11 мартро, ки бо омад-омади фасли зебои сол баҳор рост меояд матбуотчиёни тоҷик онро ҳамчун Иди матбуоти тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд. Дар робита дар арафаи ин санаи таърихӣ муҳоворае оростаем бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, ки алъон фишурдаи ин сӯҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем:               Акбаралӣ Қурбоналиевич мегуфтед, ки алҳол вазъи матбуоти тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад ва матбуотчиёни тоҷик Иди матбуотро бо кадом дастовардҳо истиқбол мегиранд?                Аслан 11 март вақте, ки мо иди матбуот мегӯем ин маънои онро дорад, ки мо як сол ба ақиб нигоҳ кунем, ки дар як соли охир чӣ бурду бохтҳое доштем. Матбуоти тоҷик дар зарфи ду се соли охир бисёр як ҷаҳиши калон кард.  Зеро мавқеи матбуот хеле мустаҳкам гардид ва бубинед чӣ қадар мавзӯъҳои актуалии ҷомеа дар матбуот таҳлилу таҳия гашта, маводҳои бисёр хуб ҳам нашр шуданд. Махсусан боиси қайд аст, ки солҳои охир матбуоти тоҷикзабон хеле ҳам мавқеи худашро дар бозори ВАО устувор намуда, рӯзномаҳои хубу хонданбоб мунташир мешаванд.            Мутаасифона, бохти мо дар ҳамин аст, ки мо натавонистем дар давоми як сол соҳиби рӯзнома гардем. Ман дар назар дорам, рӯзномае, ки ҳар рӯз чоп шавад. Аз ин хотир орзуи ман ҳамин аст, ки агар имсол нашуд то соли дигар, то иди матбуоти оянда кӯшиш мекунем, ки даҳҳо рӯзномаи ҳаррӯза ба майдон бароянд. Зеро имрӯз мебинем, ки бо нарасидани нерӯи барқ мардум бе иттилоот мондаанд. Дар давоми як ҳафтае, ки иттилоот мерасад, ночиз аст ва ҳамаи воқеъаҳоро ва муносибатҳои кишвари моро бо ҳамсоякишварҳо ва шароите, ки мо кор мекунем дар бар гирифта наметавонад. Аз ин хотир фақат будани рӯзнома метавонад, пеши роҳи ҳар гуна зуҳуроти номатлубро гирад. Зеро вақте, ки мардум ахбори воқеӣ ва саривақтӣ гирифт онҳо андеша мекунанд дар бораи пешравии ҷомеа, дар бораи мушкилоте, ки доранд, дар бораи маориф, тарбияи фарзандонашон, ҳамаи ин аз ахбор вобаста аст. Дар шароити имрӯза бояд чораҳо андешида шавад, ки рӯзномаҳо бештар ба дасти мардум, ба дасти ҷомеа расанд.Теъдоди рӯзномаҳое, ки дар ҷумҳурӣ чоп мешаванд чӣ қадар аст?               Аслан агар дар маҷмӯъ гирем 200-250 ҳазор дар тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон рӯзнома чоп мешавад. 60-70 намуди рӯзномаҳо ба ғайр аз рӯзномаҳои соҳавӣ ва дохили идоравӣ ба ҷомеа рафта мерасад. Ин кам аст.               Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар рушди матбуоти тоҷик ва озодии сухан дар мамлакат чӣ нақше мегузорад?Воқеъан мустаҳкам ва мавқеъгирӣ кардани ВАО сабаб гардид, ки Президенти кишвар ВАО-ро дастгирӣ карданд. Ба имзо расидани Фармони мазкур бисёр ҳам саривақтӣ буда, ба пешрафт ва мустаҳкам гардидани мавқеи ВАО дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Атрофи ин Фармон дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нишаст ва сӯҳбату баҳсҳои зиёда шуданд. Ва дар маҷмӯъ фикри ҳама журналистон он аст, ки Фармони мазкур барои пешрафти озодии матбуот, озодии сухан дар Тоҷикистон мусоидати хуб хоҳад кард. Оё имрӯз дар ВАО-и Тоҷикистон сензура вуҷуд дорад?               Умуман агар сензура ба фаҳмиши сензураи расмӣ бошад вуҷуд надорад. Лекин то кадом дараҷа касбиятамон мусоидат мекунад, ки мо мақолаҳо ё маводҳои танқидӣ эҷод бикунем. Мебинем, ки баъди нашри ҳамин Фармон масъулият зиёд шуд. Агар пештар ба баъзе маводҳои танқидӣ, ки бисёр ҳам асос надоштанд онҳо чашм мепӯшиданд, имрӯз онҳо чашм нахоҳанд пӯшид. Ин Фармон масъулияти мақомоти роҳбарикунанда ё мансабдори давлатӣ ва ҳам масъулияти журналистонро зиёд менамояд. Масъулият ҳамон вақт пайдо мешавад, ки касбият бошад. Аз ҷониби дигар танқид барои танқид набошад. Натанҳо ба хотире, ки ман фалониро танқид кардам ё фалон вазирро танқид кардам, яъне барои худнишондиҳӣ ё худситоӣ набошад.Танқид бояд ба хотири бартараф кардани ягон проблемае, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад, сурат бигирад. Вокуниш ба маънои чӣ аст? Вокуниш аз ҷониби мансабдори давлатӣ ин аст, ки бояд ҳамон камбудиро ислоҳ намояд.              Оё дар қиёс ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ озодии сухан дар Тоҷикистон афзалияти бештар дорад?Оре, сад дар сад озодии матбуоте, ки дар Тоҷикистон аст дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Зеро дар чандин ҷаласаю нишастҳое, ки дар Бишкек, дар Алмато гузашт ман дар ин масъала чандин маротиба сухан ҳам кардам ва гуфтам, ки озодии сухан дар Тоҷикистон хеле дар сатҳи баланд қарор дорад. Озодии сухане, ки дар Тоҷикистон ҳаст бо дигар кишварҳои минтақа муқоисанашаванда аст. Он журналистоне, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон омада, озодии матбуоти тоҷик, умуман суханронию фикронии озоди журналистони тоҷикро дида ҳасад ҳам мебаранд, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна барои озодии сухан ва матбуот фазои солим вуҷуд дорад. Агар мо журналистони тоҷик ба қадри ин озодӣ нарасем ин худ кӯрнамакист.               Дар ин замина нақши ВАО дар таъмини амнияти миллӣ ва суботи кишвар назаррас аст?               Бале, дар фаъолияти ВАО-и ҷумҳурӣ ҳақиқат ва манфиатҳои миллӣ боло меистад.               Иттифоқи журналистони Тоҷикистон то чӣ андоза дар ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои рӯзноманигорони тоҷик рисолати худро иҷро кардааст?              Бале, яке аз рисолати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ин дифоъ аз хуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон ас. Рӯзноманигоронро омӯзонад, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бояд бомаърифат бошанд. Дар тӯли як сол ба 16 муроҷиате, ки аз ҷониби рӯзноманигорон расид Иттифоқи журналистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил изҳороти зиёде чоп кард ва аз ҳуқуқи журналистон, ки аъзои Иттифоқи журналистон ҳастанд дифоъ кардем, ки ин аз боварии журналистон нисбати Иттифоқи жураналистон аст. Ман фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Иттифоқи журналистони Тоҷикистон яке аз минбарҳои баланди журналистикаи тоҷик хоҳад шуд. Зеро тасмим гирифтаем, ки дар вақтҳои наздик, аниқтараш дар моҳи май рӯзномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро аз сари нав ба чоп расонем. Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани касбияти журналистон, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад.Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо созмонҳои журналистие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ҳамеша ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла бо «Медия алянс», Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ҳамеша аз онҳо даъват менамоем, ки тафриқаандозӣ накунанд, зеро мақсади ҳамаи мо як аст- ин обод шудани сарзаминамон -Тоҷикистон. Ҳар кас дар ин маврид набояд думболи манфиату нигоҳҳои танги худ равад. Бояд манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда шавад ин ҳам бошад дар ҳамбастагӣ амалӣ гардонида мешавад.                 Ҷиҳати баланд бардоштани касбияти рӯзноманигорон Иттифоқи журналистон кадом корҳоро ба анҷом мерасонад?                Дар давоми соли гузашта дар мавриди баланд бардоштани касбияти журналистони тоҷик чандин курсҳо ва чорабиниҳо гузаронидем. Инчунин, ният дорем, ки дар давоми соли равон боз чандин барномаҳои дигаро роҷеъ ба ин масъала татбиқ созем. Хусусан, ташкили курсҳои бозомӯзӣ. Зеро имрӯз савияи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯёни факултаҳои журналистика нисбатан паст аст ва техникаю технология, ки бо суръати баланд пеш меравад дар факултаҳо ба ин масъала камтар эътибор медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки кушодани курсҳои чӣ компютерӣ, жанрҳои журналистӣ, таҳлили мақолаҳои танқидӣ дар мадди аввали назар аст ва дар ин сол насиб бошад дар дохили ҷумҳурӣ курсҳои нав мекушоем, ки дар онҳо ба журналистони ҷавон мураббияҳои ватанӣ дарс мегӯянд.  Зеро баъзан ба рӯзноманигорони тоҷик аз дигар кишварҳо омада дарс ва семинарҳо мегузаронанд, онҳо воқеияти ҷомеаи Тоҷикистонро дуруст намефаҳманд. Он назарияҳо ва масъалаҳое, ки мехоҳанд ба журналистони тоҷик омӯзонанд ба шароит ба фаҳмишу ҷаҳонбинии рӯзноманигорони мо хос нест.Барои ҳамин мураббияҳо ва муаллимони минтақавӣ бояд ҷалб карда шаванд.                Бахшида ба Иди матбуоти тоҷик кадом чорабиниҳои идона ба нақша гирифта шудаанд? Чун анъана ҳар сол 11 март журналистони тоҷик ид доранд ва барои хотирмон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди матбуоти тоҷик Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуд. Тибқи он чандин вохӯрию мулоқот бо ветеранҳои матбуот гузаронида шуд, зеро соли равон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 50 сола мешавад.               Инчунин, 11 март дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ озмунҳое, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги мамлакат эълон гардида буд, ҷамъбаст карда мешаванд, ки дар асоси он ба беҳтарин муаллифон ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ, ба журналистони ҷавон -донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ бошад ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ супорида мешаванд. Инчунин, кормандони ВАО ва фарҳанг бо унвонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамзамон, ба пешқадамони соҳа чун анъана ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда хоҳад шуд. Албатта таҷлили идро бидуни рақсу сурудҳои дилнишин тасаввур кардан ғайримкон аст. Аз ин рӯ, ҳунармандони шинохта бо консерти бошукӯҳи идона дар ин рӯз табъи матбуотчиёни тоҷикро болидатар мегардонанд.               Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ                Мусоҳиб, Марзия Саидова хабарнигори АМИТ «Ховар».

Март 10, 2009 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт