БА ФАЪОЛИЯТИ МИЛИТСИЯ АЗ КАМШАВИИ ҶИНОЯТ БАҲО МЕДИҲАНД

Март 25, 2009 10:59

                      Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январ-феврали соли 2009 дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷинояткорӣ 9,4 фоиз кам шудааст, ғайр аз вилояти Хатлон, ки дар он ҷо ҷиноят 3,4 фоиз афзоиш ёфтааст,-иброз доштанд дар Вазорати умури дохила ба мухбири АМИТ «Ховар».                     Дар ду моҳи соли 2009 шумораи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Файзобод 40 фоиз, шаҳри Роғун -25, ноҳияи Турсунзода -24,3 ноҳияи Рӯдакӣ- 12,7 ва дар ноҳияи Рашт 7,7 фоиз ба қайд гирифта шудааст.                     Шумораи ба қайд гирифтани ҳодисаҳои ҳуҷуми роҳзанона 75 фоиз, одамкушии барқасдона ва сӯиқасд ба одамкушӣ -54,5, ғоратгарӣ-29, 4 ва қаллобӣ 27, 7 фоиз кам шудааст. Дар ин муддат дуздии амволи хонаҳо 2,7 фоиз зиёд шудааст.                      Талаботи роҳбарияти вазорат нисбат ба фаъолияти нозирони минтақавӣ зиёд мегардад. Дар навбати худ, вазорат барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкориро бо омма беҳтар месозад. 

Март 25, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд