БА РӮЙХАТИ СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ СОЗМОНҲОИ НАВ ДОХИЛ КАРДА МЕШАВАНД
Маскав, 17 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тӯли солҳои охир ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ва ифротгаро, ки ба амнияти давлатҳои аъзои созмон таҳдид мекунанд¸ созмонҳо, гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои навро шомил менамояд. Моҳи ноябри соли 2004 дар маҷлиси Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД рӯйхати умумии созмонҳои террористӣ ва ифротгаро тасдиқ карда шуд, ки ба амнияти давлатҳои аъзои СААД таҳдид менамоянд. Дар давоми солҳои минбаъда дар мамлакатҳои аъзои созмон ба рӯйхати чунин созмонҳо гурӯҳҳои нав дохил карда шуданд. Дар натиҷа зарурати ворид сохтани созмонҳои нави террористию ифротгаро ба рӯйхати мазкур ба миён омад, гуфт муовини сардори раёсати мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб ва таҳдидҳои замони ҳозираи котиботи СААД В.Волох ба мухбири АМИТ «Ховар». Вай зикр намуд, ки соли 2004 -ум 22 созмони террористӣ ва ифротгаро ба қайд гирифта шуда буд. Рӯйхати нав 29 созмони террористиро дар бар мегирад. Ба рӯйхати нав танҳо созмонҳои террористӣ ва ифротие дохил карда шудаанд, ки фаъолияти онҳо бо ҳукми судҳо дар асоси қонун манъ карда шудааст. Акнун рӯйхати нав барои мувофиқа ба давлатҳои аъзои СААД фиристода мешавад, гуфт В.Волох.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






