БАДАХШОН МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАДРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамчунин фаъолияти бозорҳои марзӣ ва рушди тиҷорат миёни мардуми Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як фазои неки ҳамсоягӣ барқарор шудааст. Дар ҷашни Наврӯзи соли ҷорӣ дар маркази Бадахшон шаҳри Хоруғ гуфтушуниди ҳамкорӣ миёни роҳбарони ин ду вилояти ҳамсарҳад доир гардид. Дар ин нишаст пешниҳод гардид, ки беморони ҳаммарзи давлати ҳамсоя дар бемористонҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табобат ёбанд, ҷавонони афғон дар муассисаҳои тиббӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ ва мактабҳои олии вилоят ба таълим фаро гирифта шаванд. Дар назар аст, ки чунин нишасти ҳамкорӣ дар наздиктарин вақт дар макази Бадахшони Афғонистон шаҳри Файзобод дар сатҳи давлатӣ бо имзои созишнома анҷом ёбад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






