БАРОИ МУРОҶИАТ БА СУДИ ИҚТИСОДӢ МАБЛАҒ ЛОЗИМ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати байниноҳиявии хоҷагии оби Ҳисор Истамқул Гадоев, қарзи хизмати обрасонии хоҷагиҳои ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав 3 миллиону 516 миллион сомониро ташкил медиҳад. Раёсати мазкур аз андоз 202 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Аз рӯи номукаммалии қонуни муроҷиат ба Суди иқтисодӣ, раёсат, вазорату идораҳо аз даъво худдорӣ мекунанд.Барои тавассути Суди иқтисодӣ рӯёнидани қарзҳо лозим аст, ки 4 фоизи маблағи қарзӣ ба суратҳисоби Суди иқтисодӣ пешпардохт карда шавад. Дар чунин маврид, қарзи раёсати мазкур боз 140 ҳазор сомонӣ зиёд шуда ба 342 ҳазор сомонӣ мерасад.«Хуб мешуд, ки 4 фоиз баъди рӯёнидани қарзҳо аз тарафи Суди иқтисодӣ ба суратҳисоби он гузаронида мешуд ва ҳам қарзҳо аз байн мерафтанд».- изҳор дошт Истамқул Гадоев.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






