БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ БО ТЕАТРИ БИШКЕК ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 27 март (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар театри «Учур» — и пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек асарҳои нави саҳнавиро пешкаши тамошобинон мегардонад. Вай, аз ҷумла, дар ин ҷо намоишномаи «Зери садои чархҳои трамвай» — ро ба саҳна мегузорад, ки муаллифи он драмнависи кинои ҷопонӣ Окира Куросава мебошад. Б.Абдураззоқов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки баъди бозгашт аз Санкт — Петербург дар Бишкек ба кор шурӯъ хоҳад кард. Вай дар Санкт — Петербург дар ҷашнвораи театрҳои Русия ширкат меварзад. Коргардон нақл кард, ки пеш аз ин ҳам бо театри Бишкек ҳамкорӣ мекард. Бинобар ин даъвати навбатии маъмурияти театрро бо хушӣ қабул намуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






