БОЗ ЯК «ГОЛ»-И МТЖ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон аз чоп баромад. Аҳли эҷоди ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзӯъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои ҷиддии соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Дар мақолаи Хуршеди Атовулло «Зидан ва Марадона дар Душанбе, ки омадани онҳоро намехоҳад?» сабабҳои рушд наёфтани футбол дар Тоҷикистон бо далелҳои возеҳ шарҳ ёфтааст. Зери сарлавҳаи «Тоҷикистон пас аз Бразилия» маводе ба табъ расидааст, ки аз дастоварду мушкилиҳои футболи кӯдакон маълумот медиҳад. Ҳамчунин, шарҳи муфассал перомуни иштироки дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2010, охирин навигариҳои олами варзиши дохиливу хориҷиро дар ин шумора метавонед мутолиа кунед.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






