БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Март 2, 2009 10:23

               Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳафтаи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода барои ошноии наздик аз ҷараёни сохтмон дар як қатор иншооти ҷашнии вилоят, ки истифодаи онҳо ба муносибати иди Ваҳдат пешбинӣ шудааст, сафари корӣ анҷом дод.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов яке аз ҳадафҳои муҳими ин боздид ба шумор мерафт. Зеро, литсеи мазкур яке аз калонтарин иншооти вилоят аст, ки дар айни замон бунёд мегардад ва дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ назираш нест.               Ҳангоми сафар раиси вилоят Қоҳир Расулзода бо роҳбарони идораҳои сохтмонӣ, ки дар бунёди литсей саҳм мегиранд ва ҳамчунин бо бинокорон мулоқотҳо доир намуд. Масъулини сохтмон таъқид намуданд, ки корҳо мутобиқи нақша ва аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ҷараён гирифта, то ҳол наздик 7 миллион сомонӣ маблағ аз худ шудааст.                Раиси вилоят баъди анҷоми ошноӣ аз рафти сохтмон ҷаласаи корӣ доир намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти шаҳри Чкалов, ташкилотҳои сохтмонӣ ва ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳо, ки барои пешбурди кор дар иншооти мазкур масъулият доранд, вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, ба идораи молияи вилоят супориш дода шуд, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ боз 1 миллион сомонии дигар ҷудо намояд.                Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари кории Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат таҷдидан оғоз гирифта буд. Дар ин ҷо маҷмааи сеошёнае иборат аз аз 33 синфхона бунёд мешавад, ки барои дар сатҳи баланди муосир ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон, машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, чорабиниҳои мухталифи беруназсинфӣ ва истироҳату фароғати омӯзгорону тарбиятгирандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Литсеи Президенти барои таълиму тарбияи 1300 нафар хонандагони лаёқатманди на танҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, балки тамоми қаламрави кишварамон пешбинӣ мегардад.               Инчунин, худи ҳамин рӯз раиси вилоят аз рафти сохтмон дар комплекси варзишии шаҳри Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи 36 ҳуҷрадор дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд, сохтмони бинои нави Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шарёну дил дидан намуд.                Гуфтанист, ки соли равон дар қаламрави вилоят ба муносибати Иди Ваҳдат, ки ҷашни умумиҷумҳуриявии он дар вилояти Суғд барпо мегардад, 150 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Март 2, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд