БУНГОҲИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ДУШАНБЕ» ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИСТИФОДА МЕШАВАД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Бунгоҳи интиқоли барқи «Душанбе» ба туфайли тезонидани суръати корҳо ва вазъи мусоиди ҳаво паш аз мӯҳлати муқаррашуда ба истифода дода мешавад. Дар бунгоҳи мазкур се трансформатори иқтидораш 507 мегаволт насб карда мешавад. Қувваи барқ аз ин трансформаторҳо ба самтҳои гуногун интиқол дода хоҳад шуд. Тибқи нақша, илова бар ин дар бунгоҳи интиқоли барқи «Душанбе» ду трансформатори эҳтиётӣ ва чор дастгоҳи қатъу ба кор даровардани бунгоҳ насб карда, аз ин ҷо хати интиқоли барқи Кӯлоб — Данғара кашида мешавад, ки дарозии он 60 километр мебошад. Барои сохтмони бунгоҳи мазкур 55,5 миллион доллари ИМА сарф шуд. Дар сохтмони бунгоҳ қариб 300 коргару мутахассис саҳм гузошт.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






