ДАР ҚӮРҒОНТЕППА МАТБААИ ХУСУСӢ КУШОДА МЕШАВАД

Март 11, 2009 10:12

                  Қӯрғонтеппа, 11 март (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Рӯзҳои иди Наврӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа матбааи хусусӣ ба кор шурӯъ менамояд.                  Директори матбааи вилоятӣ Бобохон Шарбатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки матбааи нав бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин таъмин карда шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки рӯзномаю маҷалла ва китобҳо бевосита дар маркази вилоят чоп карда шаванд. То ҳол бисёр рӯзномаҳо ва ҳафтаномаҳои вилоятӣ дар матбааҳои шаҳри       Душанбе чоп карда мешаванд. Акнун барои чопи онҳо маблағи камтар сарф мешавад.                   Ба шарофати ба кор даромадани матбааи нав 10 мутахассис бо кор таъмин мегардад. Ояндаи наздик ният дорем, ки дар матбаа чопи китобҳо ба роҳ монда шавад, гуфт Бобохон Шарбатов. Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 11, 2009 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад