ДАР ИДМ БАРНОМАИ МАХСУСИ ИНТЕРПОЛ АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАД

Март 18, 2009 16:42

                Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барномаи махсуси Интерпол амалӣ карда мешавад. Иттиҳоди Аврупо барои амалӣ сохтани он се миллион евро ҷудо кардааст.                 Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барнома дар Осиёи Марказӣ бо мақсади вусъат додани истифодаи захираю имкониятҳои Интерпол мавриди амал қарор дода хоҳад шуд. Интерпол бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар давоми чанд соли охир барои дастраси мақомоти дахлдор гардондани шабакаи ҷаҳонии алоқаи худ дар минтақаҳои нисбатан дурдасти ИДМ тадбирҳо меандешад. Ҳадафи ин иқдом ба кормандони мақомоти дахлдор додани имконияти истифода аз шабакаи маълумоти махфии Интерпол мебошад. Ба туфайли иҷрои барнома дар байни бештар аз 50 шаҳри калони мамлакатҳои минтақа — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон алоқаи мустақим ба роҳ монда хоҳад шуд.

Март 18, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад