ДАР МАСКАВ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН КОНФРОНСИ СҲШ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — 27 март дар Маскав бахшида ба вазъияти имрӯза ва проблемаҳои Афғонистон конфронси махсуси Созмони ҳамкории Шанхай гузаронида мешавад. Қарори гузаронидани конфронси мазкур моҳи августи соли 2008 дар Душанбе зимни мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ қабул шуда буд. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои таъсири вазъияти муташанниҷи Афғонистон ба мамлакатҳои ҳамсоя, тадбирҳои муштараки тақвияти мубориза ба муқобили терроризм ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор баррасӣ карда мешаванд. Дар конфронс вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони баландпояи давлатҳои аъзои СҲШ, мамлакатҳои мушоҳид дар созмони мазкур — Афғонистон, ИМА, Туркманистон, Туркия, инчунин, муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва роҳбарони созмонҳои мӯътабари байналхалқӣ ширкат меварзанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






