ДАР ОМ БОЗ ЯК БАРНОМАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Иттиҳоди Аврупо мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ даври муҳими барномаи «Рушди марказҳои сертификатсияи таҷҳизотро барои ҳамлу нақли маводи озуқаи зудвайроншаванда дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон» ба анҷом мерасонад. Дар доираи барнома фасли баҳор дар Осиёи Марказӣ барои тафтиши бори нақлиёти автомобил чор бунгоҳи махсуси ташхиси маводи хӯрокаи зудвайроншаванда кушода хоҳад шуд. Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки чунин бунгоҳи аввалин имрӯз дар Алмаато ба кор шурӯъ менамояд. Гурӯҳи коршиносони Иттиҳоди Аврупо дар ҷараёни амалӣ сохтани барнома вазъияти ҳамлу нақли маводи озуқаи зудвайроншавандаро ба воситаи нақлиёти автомобил омӯхт. Иҷрои барномаи мазкур дар Осиёи Марказӣ моҳи июли соли 2007 шурӯъ шуда буд. Ҳадафи асосии ин иқдом таъмини ҳамлу нақли маводи озуқаи зудвайроншаванда ба воситаи нақлиёти автомобил мебошад, ки бо таҷҳизоти зарурии хунуккунанда таҷҳизонида шудаанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






