ДАР СУҒД ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ЖУРНАЛИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 10 март. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят Ҷоизаи Созмони журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқро ба мухбир-суратгири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исроили Рабизод (пас аз марг) сазовор донист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлилидастгоҳи раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2009 дар бораи соҳиб шудан ба Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ байни рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи вилоят озмун эълон шуда буд. Пас аз таҳлилу муҳокимаҳо Комиссияи озмун маводи беҳтаринро барои дарёфти ҷоиза ба сурат ва мақолаҳои мухбир-суратгири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», шодравон Исроили Рабизод сазовор донист. Маврид ба ёдоварист, ки Ҷоизаи Созмони журналистони вилояти Суғд соли 1988 таъсис ёфта, соле як маротиба ба муаллифоне тақдим мегардад, ки мақолаҳояшон танҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои миқёси вилоят ба табъ расида бошанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






