ДАР ТЕҲРОН ҶАЛАСАИ САРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ЭКО ОҒОЗ ШУД
Душанбе, 11март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11 март дар Теҳрон ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /ЭКО/ оғоз ёфт. Дар ҷаласа Дабири кулли ЭКО Хуршед Анвар гузориш дод. Назар ба иттилои коршиноси масоили фарҳангӣ Шоҳмансури Шоҳмирзо, иштирокдорони ҷаласа дар давоми рӯз масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, энергетикӣ, бозсозии баъдиҷангии Афғонистон, коҳиши вазъи бӯҳрони молиявии ҷаҳонро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон, масъалаи таъсиси шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ байни кишварҳои аъзои ЭКО дар маркази таваҷҷӯҳи Сарони кишварҳои ин созмонии мӯътабар қарор мегирад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласа Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон, Покистон иштирок доранд. Ҷумҳурии Қазоқистонро Сарвазири ин кишвар, Қирғизистонро муовини Сарвазир ва Ӯзбекистонро Раиси Сенати ин кишвар намояндагӣ менамоянд. Ҳамзамон, дар ҷаласаи навбатии Сарони ЭКО Президенти Ироқ ва Амири давлати Қатар ба ҳайси меҳмон ширкат доранд. Интизор аст,ки баъди суханрониҳои Сарони кишварҳои ЭКО ба шахсиятҳои шинохтаи давлатҳои аъзои ЭКО ҷоизаи махсус дар риштаҳои мухталиф супорида мешавад. Дар назар аст, ки чунин ҷоиза ба собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров дар риштаи иқтисод супорида хоҳад шуд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






