ДАР ЗАФАРОБОД ШУМОРАИ ЗАНОНИ ВАКИЛ МЕАФЗОЯД?
Зафаробод, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Саҳми занон дар пешрафти ҷомеа ва суботи вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҷамъиятии ноҳияи Зафаробод хеле калон аст. Мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Н. Тоҳирова дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда зиёда аз 260 нафар занон бо муваффақият фаъолият доранд. Аз ҷумла, 5 нафар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, 3 нафар котибони ҷамоатҳои деҳот, 13 нафар роҳбарони таълимоти умумӣ, 2 нафар мудири кӯдакистон, 1 нафар котиби суди ноҳия ва 236 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ шуда кор мекунанд. «Мутаассифона, шумораи занон дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия моро қаноатманд карда наметавонад. Зеро аз 38 нафар вакилони халқ ҳамагӣ 2 нафарашон занон мебошанду халос. Аз ин рӯ, мо корро дар ин бобат дар байни мардум хеле ҷоннок карда истодаем, то дар маъракаи интихоботи оянда вакилони маҷлисҳои ноҳиявию вилоятӣ ҳар чӣ бештар номзадии занону духтарон пешбарӣ карда шаванд», — гуфт дар хотима Н. Тоҳирова.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






