ДАЪВАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН

Март 18, 2009 16:43

                    Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов имрӯз барои кормандони воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи паёми нави президенти Қазоқистон ба халқи кишвар сухан ронд. Қайд карда шуд, ки ҳадафи паёми Президент пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Президент халқи мамлакатро даъват намуд, ки барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрон ва гузоштани замина бо мақсади пешрафти иқтисодиёт муттаҳид гарданд, гуфт А.Аҳмадов.                      Қайд карда шуд, ки сардори давлат бо ин мақсад силсилаи тадбирҳои иқтисодиро пешниҳод намуд. Бо мақсади пешгирии зиёни бӯҳрон ва таъмини вазъи мӯътадили иқтисодиёт зиёда аз 2 триллиону 700 миллиард танга ҷудо карда шуд. Ин маблағ пеш аз ҳама барои таъмини фаъолияти мӯътадили бонкҳо, сохтмони манзил, тиҷорати хурду миёна ва соҳаи кишоварзию саноатӣ истифода бурда мешавад. Н.Назарбоев изҳор намуд, ки дар Қазоқистон бо вуҷуди таъсири калони бӯҳрони молиявӣ маблағи нафақа, маоши кормандони корхонаҳои соҳаи буҷетӣ ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда хоҳад шуд. Илова бар ин дар мамлакат сохтмони боғчаҳои бачагона, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ давом дода мешавад. Аз рӯи маълумоти расмӣ айни ҳол дар Қазоқистон шумораи бекорон ба 600 ҳазор нафар мерасад. Бо вуҷуди ин дар соҳаҳои таъминоти обу гармӣ ва энергетика мутахассисон намерасанд. Ҳукумат барои бозомӯзии кадрҳо дар давоми солҳои оянда 140 миллиард танга ҷудо менамояд.                       Сафири Қазоқистон Абӯтолиб Аҳмадов изҳори боварӣ намуд, ки давлату ҳукумат ва халқи мамлакаташ оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро бомуваффақият бартараф хоҳанд намуд.  

Март 18, 2009 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд