ДАВРИ АВВАЛИ МАҲФИЛИ ЗАРИФОН «МАҲЗАР» ОҒОЗ МЕЁБАД
Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар арафаи иди бонувон, 7 март дар Маркази фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон «Ориёно», даври аввали озмуни маҳфили телевизионии зарифон «Маҳзар» оғоз меёбад. Маҳфил бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ гузаронида мешавад Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар озмун донишҷӯёни макотиби олии пойтахт иштирок менамоянд. Мувофиқи қуррапартоӣ дар даври аввали озмун Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қувваозмоӣ менамоянд. Шартҳои озмун аз саломнома, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ ва тақлид иборатанд. Ғолибони ин маҳфил ба даври дуюми он роҳхат мегиранд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






