ФАРМОНИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард. Дар фармони мазкур омадааст, ки низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи умумии кормандони Маркази мазкур 40 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян гардад. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии ин Марказро амалӣ намояд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат бояд дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармони мазкур мутобиқ намуда, дар татбиқи он чораҳо андешад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






