ФОРУМИ 4-УМИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Март 16, 2009 14:36

                    Душанбе,16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқоташ бо муовини раиси Комиссияи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба регламент ва ташкили фаъолияти парламентӣ, аъзои Кумитаи Шӯрои Федератсия роҷеъ ба корҳои ИДМ Олег Пантелеев, ташрифи парламентарҳои Русия ба Душанбе ва баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи дуюми Комиссияи доимии байнипалатавӣ, ки дар партави охирин сафари Президенти мамлакат ба Федератсияи Россия ва нақшаи ҳамкориҳои парламентҳо анҷом гирифт, нек арзёбӣ намуд.                   М. Убайдуллоев таъкид кард, ки потенсиали Комиссия дар баррасии масъалаҳои рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки бо фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба тавсеаи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо нақши муассир гузошта тавонад, равона карда шавад, хусусан ба коҳиш додани бӯҳрони молиявӣ.Дар мулоқот, ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи омодагӣ ба Формуи 4-уми байнипарлумониии Тоҷикистон -Россия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки нимаи дуюми соли 2009 дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт, табодули назар карданд.

Март 16, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд