ФУРАҲО ВА ХИСОРОТИ ПУЛУ РОҲҲОИ БАДАХШОН

Март 18, 2009 11:38

                    Хоруғ, 18 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Бо ифтитоҳ гардидани шоҳроҳи Мурғоб-Кулма ба ҷумҳурӣ на танҳо мошинҳои КАМАЗ-у тамғаҳои ба он монанд, балки мошинҳои вазнин ҳам ворид мегарданд. Аз як тараф ин амали хубест, зеро соҳибкор ба ҷои 10 мошин аз як мошин истифода мебарад.                    Ҳамзамон, дар баробари ҷиҳатҳои мусбат доштанаш ин масъала тарафи манфӣ низ дорад. Зеро аксари пулҳое, ки дар даврони Шӯравӣ сохта шуда буданд, иқтидори бардошташон аз 18 то 30 тонна аст. Автомобилҳои боркашон бошад хеле вазни гарон дорад.                     Сардори корхонаи «Бадахшонроҳ» Шамсиддин Назриев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мувофиқи қоида мошинҳои калонҳаҷм бояд танҳо то Мурғоб ва деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон ҳаракат кунанду халос, аммо ба хотири амалӣ гардидани барномаҳои роҳсозии Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Ҷиргатол, хатти барқи Лолазор ин мошинҳо ҳудуди ВМКБ-ро убур мекунанд. Ин дар роҳҳову дар пулҳо хисороти зиёдеро ба бор овардааст. Танҳо соли 2008 пули ноҳияи Ванҷ ба маблағи 443 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Соли ҷорӣ низ бо ин мақсад маблағи зиёде ҷудо шудааст.                     «Бояд тазаккур дод, ки ҳар қадар, ки таъмир кунем ҳам, пуле ки барои 18 тонна бор бунёд гардидааст, вазни 60-70 тоннаро бардошта наметавонад. Аз ин рӯ, роҳи ҳалли ин масъала ба ҷуз дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон бори ин мошинҳои калонро ба мошинҳои дигари нисбатан хурдтар бор кардан, илоҷи дигар нест, то роҳҳо ва пулҳои ҳудуди Бадахшон обод монанд», — гуфт дар хотима Ш. Назриев.  

Март 18, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад