ГУРӮҲИ КОРИИ ШАБАКАИ АВВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ ОМАД

Март 25, 2009 10:51

                     Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Гурӯҳи кории Шабакаи аввали телевизиони Русия барои ҳаллу фасли масъалаҳои гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион» 23 март ба Душанбе омад. Ба ҳайати мазкур 11 нафар, аз ҷумла, директори генералии озмун Н.Смариго, мудири барномаҳои мусиқии Шабакаи аввал Ю.Оқсюта ва дигарон шомиланд. Меҳмонон дар давоми чор рӯз шартҳои гузаронидани озмунро бо намояндагони вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио муҳокима ва мувофиқа хоҳанд кард.                    Аъзои гурӯҳи корӣ 24 март бо мауовини сарвазир Р.Қурбонова мулоқот кард. Сипас мулоқоти онҳо бо роҳбарону намояндагони Кумитаи телевизион ва радио баргузор гардид. Меҳмонон ҳамчунин дар тантанаҳои иди Наврӯз ширкат варзиданд.                     Шахсони мутасаддии ҳар ду ҷониб 25 март масъалаи интихоби ҷойи гузаронидани озмунро баррасӣ менамоянд. 26 март масъалаҳои марбут ба ороиши саҳна, иштирокчиёни озмун, пахши консерт ва фурӯши чиптаҳо ҳал карда мешавад.  

Март 25, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд