Х.МАҲМАДШОЕВ САРДОРИ ДАСТАИ МИЛИТСИЯИ ТАЪИНОТИ МАХСУС ТАЪИН ШУД
Душанбе, 2 март, (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ полковники милиса Хуршед Маҳмадшоев сардори дастаи милисаи таъиноти махсуси ВКД таъин карда шуд. Тағйироти кадрӣ дар ВКД баъди хабарҳо дар бораи дастгир шудани гурӯҳи одамон, аз ҷумла, кормандони воломақоми Дастаи милисаи таъиноти махсус ба амал омад, ки ба узвияти яке аз гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор гумонбар мебошад. Аз вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Хуршед Маҳмадшоев қабл аз ин дар Дастаи милисаи таъиноти махсуси вазорат кор мекард. Вай дар ин вазифа майор Евгений Сергеевро иваз намуд. Е.Сергеев барои мувофиқат накардан ба вазифаи ишғолнамудааш аз кор озод карда шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






