ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» 20 МОҲ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ

Март 18, 2009 16:44

                   Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб — Шимол», ки дарозии он 264 километр мебошад, моҳи октябри соли равон ба истифода дода мешавад. Тибқи нақша хати интиқоли барқи мазкур мебоист дар давоми 45 моҳ сохта мешуд, вале ба туфайли босуръат давом додани корҳо хати интиқоли барқ 20 моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба истифода хоҳад шуд. Ҳоло дар ин ҷо 600 коргар кор мекунад. Ба туфайли фаъолияти хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» аҳолии мамлакат тамоми фаслҳои сол бо қувваи барқ пурра таъмин карда хоҳад шуд.                  Хати интиқоли барқи мазкур аз ҳудуди 9 ноҳия, аз ҷумла, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Ғончӣ мегузарад. Барои сохтмони он 281 миллиону 283 ҳазору 633 доллари ИМА ҷудо карда шудааст.

Март 18, 2009 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад