ИХТИРОЪКОРОНИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Беҳтарин ихтирооти сол» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур тибқи қарори раиси вилоят аз 25 феврали соли 2008 баҳри рушду инкишофи иқтисоди миллӣ, пешравии илму техника, ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолиятнокии ихтироъкорӣ ва такмили муносибатҳои истеҳсолӣ эълон гардида буд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷои аввал ба профессори Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон Рустам Азизов барои ихтирои «Тарзи мураккаби ҳосил намудани қабати газию ҳароратӣ аз маводҳои композитсионӣ ба воситаи бориккунонии диффузиявию ҳароратӣ» дода шуда, бо дипломи дараҷаи якум ва бо маблағи 2500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардид. Ҷои дуюм ба дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Абдулаҳад Қодиров барои ихтирои «Усули истеҳсоли сарпӯшҳои шаффоф аз оксиди кремний» ва «Генератори фотоэлектрии гидрогении бо сӯзишворӣ коркунанда дар заминаи батареяи кремнийдори офтобӣ» сазовор дониста шуда, бо дипломи дараҷаи дуюм ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷои сеюмро сармуҳандиси НБО-и «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Қайроққум Сӯҳроб Мамадҷонов барои ихтирои «Кашидани об аз болопӯши турбинаҳои сифони нерӯгоҳи обанбори Қайроққум» ишғол намуда, бо дипломи дараҷаи сеюм ва маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад ихтироъкорони вилоят пешниҳод намуданд, ки минбаъд озмуни мазкур ба номи яке аз шахсони барӯманди халқи тоҷик номгузорӣ карда шавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






