ИМА ПЕШНИҲОДИ ЧИНРО РАД НАМУД
Вашингтон. 25 март. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Роҳбари системаи федералии пули ИМА Бен Бернанке ва вазири молияи ин мамлакат Тим Гейтнер пешниҳоди Чинро дар бораи таъсиси пули нави ҷаҳонӣ рад намуданд. Онҳо зимни суханрониашон дар Кумитаи молиявии палатаи намояндагони конгресс зикр карданд, ки зарурати иваз кардани доллар бо ин ё он пули дигар вуҷуд надорад. Раиси Бонки миллии Чин Чжоу Сяочуан қабл аз ин изҳор карда буд, ки мамлакаташ иваз кардани доллари ИМА — ро ба пули дигари дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Ба қавли Чжоу Сяочуан, зарурати ҷорӣ намудани пули умумиҷаҳонӣ ба барҳам додани нуфузи пули як давлат дар саросари ҷаҳон, таъсири он ба иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон ва аз байн бурдани вобастагии мамлакатҳои дигар танҳо бо пули як давлат вобаста мебошад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






