ИМА ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОНРО ҲАМРОҲИ ЭРОН БАРРАСӢ КАРДАНИСТ

Март 6, 2009 14:20

                    Вашингтон, 6 март (АМИТ «Ховар» — РБК). — ИМА қарор додааст Эронро ба конфронси байналхалқӣ даъват намояд, ки дар он роҳу усулҳои аз вартаи бӯҳрон наҷот додани Афғонистон муҳокима карда мешаванд. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои НАТО дар Брюссел сухан ронд. Вай зикр намуд, ки намояндаи Эрон барои иштирок ба ин конфронс даъват карда хоҳад шуд.                    Президенти ИМА Барак Обама изҳор кард, ки ояндаи наздик ба Афғонистон ба таври илова 17 ҳазор аскару афсар фиристода мешавад. Айни ҳол дар ин мамлакат 38 ҳазор хизматчии ҳарбии ИМАҷой дода шудааст.  Инчунин қариб 30 ҳазор нафари дигар ба онҳо хизмат мерасонанд. Б. Обама изҳор намуд, ки маъмурияташ сиёсати худро нисбати Эрон тағйир дода, роҳу усулҳои машварати амалиро бо ин мамлакат ҷустуҷӯ хоҳад кард.  

Март 6, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад