ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН

Март 6, 2009 14:21

                     Кобул, 6 март (АМИТ «Ховар» — Кабар). — Комиссияи интихоботи Афғонистон таъкид намуд, ки қарори гузаронидани интихоботи президент дар моҳи августи соли равон ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир дода намешавад. Комиссия дастури президент Ҳамид Карзайро дар бораи моҳи апрел гузаронидани интихобот рад намуд. Қабл аз ин намояндагони СММ, НАТО ва ИМА қарори комиссияи интихоботро дастгирӣ карда буданд. Пешгӯӣ карда мешавад, ки агар қарори Ҳ.Карзай дар бораи моҳи апрел гузаронидани интихобот иҷро нашавад, вай аз ваколатҳои худ маҳрум гардида метавонад.                      Дар натиҷа имконияти дубора президент интихоб шудани Ҳ.Карзай аз байн меравад. Комиссияи интихобот даъво дорад, ки вазъияти мамлакат ба пеш аз мӯҳлат гузаронидани интихобот имкон намедиҳад. Илова бар ин фаъолияти ҷунбиши «Толибон» дар баъзе вилоятҳои мамлакат торафт бештар густариш меёбад. Ин ба ҷараёни овоздиҳӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ба қавли аъзои комиссия то моҳи июн қариб 17 ҳазор хизматчии ҳарбии ИМА ба Афғонистон фиристода мешавад ва ин вазъи сиёсии мамлакатро мӯътадилтар хоҳад гардонд. Дар натиҷа имконияти дахолати қувваҳои берунӣ ва муқобилони гузаронидани интихобот ба ҷараёни овоздиҳӣ камтар хоҳад гашт.                     Намояндаи НАТО Ҷеймс Апатура ва намояндаи ҳайати қумондонии низомии СММ дар Афғонистон Ален ле Рой моҳи август гузаронидани интихоботро тарафдорӣ намуданд.                     Бояд гуфт, ки мувофиқи Қонуни асосии Афғонистон, ваколатҳои президентии Карзай 22 май ба охир мерасанд. Бинобар ин интихоботи президент дераш бояд то 21 апрел гузаронида шавад.                    Сиёсатмадорони худи Афғонистон ҳам қарори комиссияи интихоботро дастгирӣ менамоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки имкониятҳои президенти ҳозираро барои расондани таъсир ба натиҷаҳои интихобот то ҳадди имкон маҳдуд созанд.                     Сарони мамлакатҳое, ки қисмҳои ҳарбии онҳо дар Афғонистон ҷой дода шудаанд, Ҳамид К;арзайро торафт бештар ҳадафи танқид қарор медиҳанд. Аз ҷумла, ноиби президенти ИМА Ҷ.Байден зимни сафараш ба Афғонистон изҳор намуд, ки Ҳ.Карзай фаъолияти Ҳукуматро густариш дода, ба муқобили ришвахӯрӣ мубориза бурда наметавонад. Вай инчунин, ба ҳамкории мансабдоронаш дар маҳалҳо бо мафияи нашъа аз паси панҷа менигарад.  

Март 6, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд