ИШТИРОКИ Ҳ. ЗАРИФИ ДАР МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА

Март 25, 2009 11:04

                    Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистан ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 20 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Мазори Шариф баргузор гардид, иштирок намуд.                    Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамроҳӣ , вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳр Муттакӣ зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ ва консулӣ баррасӣ намуданд.                     Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои муҳокимашавандаро муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷӯҳи мусоҳибонашро ба вусъати ҳамкорӣ, хусусан барои сохтмони роҳҳо ҷалб намуд.                      Боиси зикр аст, ки ҳамаи таклифу пешниҳоди Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳуҷҷати хотимавӣ ворид карда шуданд.                      Дар анҷоми мулоқот вазирон ҳуҷҷати хотимавӣ — Баёнияи муштараки сеюмин иҷлоси вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расонданд.                     Пас аз ба имзо расидани Баёнияи муштарак вазирони корҳои хориҷӣ оид ба натиҷаҳои мулоқот бо хабарнигорони хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд. Дар суханронии худ дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма Ҳамрохон Зарифӣ ба мазмуну мундариҷаи мулоқот ва натиҷаҳои он баҳои баланд дода, зикр кард, ки оид ба тамоми масъалаҳои баррасишуда ҳар се ҷониб андеша ва мавқеи яксон доштанд ва дар натиҷа мувофиқаи комил ба даст омад.                    Сипас вазирони корҳои хориҷии се кишвари дӯст, ҳамсоя ва ҳамзабон дар маросими ифтитоҳи чаҳорроҳаи Фирдавсӣ ва китобхонаи Фирдавсӣ, ки дар маркази шаҳри Мазори Шариф ба қарибӣ сохта шудаанд, иштирок намуда, аз девори фарҳехтагони Балх дидан карданд.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд

Март 25, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид