ИШТИРОКИ ОЛМОН ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 31 марта. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 31 марти соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти Олмон оид ба дастгирии раванди ислоҳоти соҳаи маълумоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Моҳият ва вазифаҳои шарики иҷтимоӣ барои соҳаи маълумоти касбӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон» семинар баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар семинар кордиҳандагони калон, ассотсиатсияҳои кордиҳандагон, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, вазоратҳо ва ташкилотҳо иштирок намуданд. Зарурияти гузаронидани семинар бо иштироки кордиҳандагон ба он асоснок карда шудааст, ки дар марҳилаи ҳозира тағйиротҳои куллии мундариҷаи фаъолият дар соҳаи таълими аҳолии калонсол ба амал меояд. Мавқеъгирии маълумотро ҳамчун соҳаи хизматрасонии таълимӣ, роҳҳои ташкили онро дар доираи шарики иҷтимоӣ, амалӣ месозад. Бояд гуфт, ки семинари мазкур бо мақсади муайян намудани стратегияи шарикии иҷтимоӣ ҳамчун муайянкунандаи сифати таълим дар соҳаи маълумоти касбии калонсолон, баргузор гардид.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






