ИЗҲОРОТИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ РУШДИ СОҲАИ ОБУ ЭНЕРГЕТИКАИ ОСИ

Март 13, 2009 11:24

                      Душанбе, 13 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи муассисаҳои Бонки ҷаҳонӣ изҳор менамоянд, ки комплекси обу энергетика барои пешрафти иқтисодиёти минтақаи Осиёи Марказӣ ва зиндагии тамоми аҳолии минтақаи мазкур нақши ниҳоят муҳим мебозад. Вазъияти минтақа ва пешрафти ояндаи иқтисодиёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба самараи ҳамкории минтақавӣ ва ба инобат гирифтани ҳамаи манфиатҳои стратегии миллӣ вобаста мебошад. Бонки ҷаҳонӣ солҳои охир дар Осиёи Марказӣ силсилаи барномаҳо, аз ҷумла, барномаҳои таҳқиқотӣ ва стратегии вобаста ба захираҳои обу энергетика, аз ҷумла, Барномаи энергетикии стратегии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказиро дастгирӣ карда буд, ки ҳамаи мамлакатҳои минтақа онро моҳи ноябри соли 2008 дар Боку имзо карда буданд.                       Бонк дар таҳлилу омӯзиши натиҷаҳои имконпазири ояндаи нақшаҳои пешниҳодшуда дар бобати рушди соҳаи энергетика дар минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ чунин мешуморад, ки барои Осиёи Марказӣ таҳия намудани Барномаи минтақавии рушди энергетика зарур мебошад. Дар он ҳамаи манбаъҳои мавҷуда ва имконпазири ба даст овардани қувваи барқ ва ҳарорат, аз ҷумла, об, ангишт, гармӣ ва ғайра ҳамаҷониба таҳлил карда хоҳад шуд. Дар он ҳамчунин тартиби амалӣ сохтани тадбирҳое пешбинӣ карда мешаванд, ки бояд эҳтиёҷоти воқеии мамлакатҳои болооби дарёҳоро дар фасли зимистон ва эҳтиёҷоти экологию гидрологии мамлакатҳои поёноби дарёҳоро дар фасли тобистон ба инобат гирифта, тавозуни таъминоти ин мамлакатҳоро бо қувваи барқ ва гармӣ таъмин намояд.                        Барнома, инчунин, бояд ба ҳалли масъалаҳои зиёд кардани содироти энергетика дар дохили минтақа дар фасли зимистон ва ба мамлакатҳои дигар фурӯхтани он дар мавсими тобистонравона карда шавад. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ният дорад, ки дар таҳияи нақшаи умумии тадбирҳои марбут ба рушди соҳаи обу энергетикаи Осиёи Марказӣ барои солҳои оянда саҳм гузошта, онро таҳия карда, барои муҳокима ба ҳамаи мамлакатҳои минтақа ва сармоягузорони имконпазир пешниҳод намояд. Таъсиси бозори минтақавии энергетикии Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ ҷузъи таркибии чунин нақшаи амалиёт хоҳад гашт, ки ҳадафи он афзун гардондани самараи истифодаи қувваи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад.                         Бонки ҷаҳонӣ дар баробари ин гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷонибаи сектори хоҷагиҳои об, аз ҷумла, масъалаҳои рушд, истифода ва идораи захираҳои обро бо иштироки созмонҳои манфиатдор ва мамлакатҳои мададгор аз Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ҳадафи таҳқиқоти мазкур дастгирии минбаъдаи нақшаҳои истифодаю идораи захираҳои об ва таъмини тақсими самарабахшу одилонаи он дар байни ҳамаи истифодабарандагон аст. Дар хусуси сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Бонки ҷаҳонӣ изҳор менамояд, ки тайёр аст ба Ҳукумати Тоҷикистон барои гузаронидани таҳқиқот маблағ ҷудо кунад. Маблағи мазкур барои таҳлилу омӯзиши имкониятҳои сохтмони нерӯгоҳи мазкур бо назардошти таъсири эҳтимолии он ба тамоми мамлакатҳои минтақа зарур мебошад.                        Нақшаи таҳқиқот тартиб додани ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодӣ ва омода сохтани ҳисоботро дар бораи оқибатҳои экологию иҷтимоии сохтмони нерӯгоҳ пешбинӣ менамояд. Таҳқиқоти мазкур ба зиммаи ширкатҳои машваратие гузошта хоҳад шуд, ки обрӯю эътибори эътирофшудаи байналхалқӣ доранд. Чунин ширкатҳо дар давоми моҳҳои оянда мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Бонки ҷаҳонӣ интихоб карда мешаванд. Зимни ҳалли масъалаҳои техникӣ барои гузаронидани таҳқиқот дархост ва талаботи ҳамаи давлатҳои соҳили дарёҳо ба инобат гирифта мешаванд.                        Илова бар ин Бонки ҷаҳонӣ мувофиқи қоидаҳои ҳифзи экологию иҷтимоӣ ташкили комиссияи махсусро дар ҳайати коршиносони байналхалқӣ зарур мешуморад. Комиссия бояд натиҷаҳои таҳқиқотро мустақилона ҷамъбаст карда, ба он баҳои воқеӣ диҳад. Бонки ҷаҳонӣ баробари таҳқиқоти зикршуда, бо мақсади таъмини шаффофият ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ба қарибӣ бо ҳамаи давлатҳои дар соҳили дарёҳои минтақа воқеъбуда (Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ба гузаронидани силсилаи машваратҳо шурӯъ намуд. Ин машваратҳо то соли 2010 ба андозаи ба даст омадани натиҷаҳои таҳқиқот ва хулосаҳои коршиносони мустақил давом дода мешаванд. Натиҷаи онҳо барои муҳокима ба ҳамаи давлатҳои минтақа пешниҳод карда хоҳанд шуд.  

Март 13, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад