КӢ ВА ЧАРО ГИРИФТОР БА БЕМОРИИ СУТУНМӮҲРА МЕГАРДАД?

Март 10, 2009 16:51

                      Душанбе, 10 март. (НИАТ «Ховар», Ибодат Давлатова, Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо шумораи одамоне, ки ба бемориҳои гуногуни сутунмӯҳра мубтало шудаанд, хеле зиёд шудааст. Роҷеъ ба сабабҳои асосии пайдоиши ин беморӣ, роҳу усулҳои пешгириву табобати он ва фаъолияти имрӯзаи Маркази ҷумҳуриявии худмаблағгузори бемориҳои сутунмӯҳра директори ин марказ, номзади илми тиб Рустам Наимо вмаълумот медиҳад.                        Рустам Қурбонович, лутфан бигӯед, ки сабабҳои зиёд гардидани ин беморӣ кадомҳоянд?                      — Сабаби аслии ин беморӣ риоя накардани реҷаи корӣ ё фаъолияти ҳаррӯзаи одамон аст. Мо дар ин самт тадқиқоти зиёд гузаронида, дар натиҷа хулоса баровардем, ки ҳар шахсе дар як ҷо зиёда аз 2 соат менишинад бояд ҳатман бадани худро як маротиба ба ҳаракат орад, то ки устухонҳои ӯ шах нашаванд. Дигар ин ки, вақте шахс аз хоб бедор мешавад аввал бояд як ё ду бор хамёза кашида, ҷисми худро худро ҷунбиш диҳад, пас аз ҷойгаҳ хезад ва камаш 5 дақиқа ба тарбияи ҷисмонии бадан машғул шавад.                        Бояд гуфт, ки байни ҳар банди сутунмӯҳра тухмдон мавҷуд аст, ки дар ҳолати беэҳтиётӣ буғунҳои сутунмӯҳра ба ҳам наздик шуда, ин тухмдонҳоро пахш мекунанд ва дар натиҷа ба рагҳои ҳароммағз таъсир расонида, ба ҳаргуна бемории вобаста ба сутунмӯҳра гирифтор мекунад. Инчунин, кӯдаконе, ки дар назди компютер бисёр менишинанд ба бемории сутунмӯҳра гирифтор хоҳанд шуд, зеро соатҳои зиёд дар якҷо нишастан яке аз сабабҳои аслии ин беморӣ аст.                        Як чизи дигар аст, ки имрӯзҳо занҳои мо ҳангоми ҳомиладорӣ аз оддитарин воситаҳои пешбинишуда дар ин муддатро истифода намебаранд. Барои занҳои ҳомила махсус миёнбандҳое мавҷуд аст, ки онро бояд ҳатман ҳангоми ҳомила будан истифода кунанд. Дар сурати истифода накардани ин воситаҳо ҳангоми ҳомиладорӣ, таҳдиди бемории вобаста ба сутунмӯҳра ба занҳо бештар мегардад.                         Инчунин, яке аз сабабҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ зиёд истеъмол намудани таомҳои шӯр ва умуман намаки зиёд аст, зеро замини Тоҷикистон худ шӯразамин буда, зиёд истеъмол намудани шӯрӣ ба ҳар гуна беморӣ, бахусус бемории сутунмӯҳра гирифтор мекунад.                        Дар байни ингуна бемориҳо аксаран кӯдакон, ҷавонон, калонсолон ва ё занон зиёданд?                     — Мутаассифона, ин беморӣ солҳои охир дар байни наврасони аз сини 7 то 17- сола зиёд шудааст. Агар ба ҷинсият гирем дар байни мардҳо нисбат ба занҳо зиёдтар мебошад, ки сабабҳои аслии он дар боло қайд гардид.                      Дар инҷо беморон бо кадом усулҳои нисбатан бартаридошта аз дигар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ табобат карда мешаванд?                     — Қобили қайд аст, ки Маркази бемориҳои сутунмӯҳра дар ҷумҳурӣ ягона муассисаи табобатгари бемориҳои вобаста ба сутунмӯҳра буда, дар ин ҷо бештар усулҳои тибби хориҷӣ, ки онро кормандони мо бевосита рафта меомӯзанд ё тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет дар бораи он маълумот ба даст меоранд, истифода мегарданд.                       Ин беморхона дорои кадом таҷҳизоти замонавӣ аст, ки барои муолиҷа муфид бошад?                       — Росташро гӯям имрӯз марказро зарур аст, ки дорои як фабрикаи худӣ бошад, ки барои таъмини баъзе воситаҳои техникии табобат мусоидат кунад. Дигар ин ки, лоақал як Эндоскоп дошта бошем, ки он барои ҷарроҳӣ хеле муфид ва қулай аст. Дар сурати мавҷуд будани Эндоскоп ҷарроҳие, ки яку ним соат тӯл мекашад, метавон онро дар 7 дақиқа анҷом дод. Бо вуҷуди худмаблағгузор будани марказ мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳамин гуна таҷҳизотро ба даст орем.                       Як чизро бояд қайд кард, ки баъзе фишангҳое ҳаст, ки ба соҳиб шудани ин гуна таҷҳизот садди роҳ мешаванд. Аз ҷумла, боло рафтани нархи истифодаи об, барқ, ё андозбандие, ки имрӯз мавҷуд аст моро намегузоранд, ки соҳиби чунин таҷҳизот гардем. Имрӯз зарур аст, ки масъулини соҳа сари ин масъала чораҳои зарурӣ андешанд ва ақалан дар муассисаҳои тиббӣ имтиёз ҷорӣ кунанд, зеро ҳадафи аслии ин муассисаҳо солим нигоҳ доштани ҷомеа аст. Агар ҷомеа солим бошад, истеҳсолот ҳам рушд мекунад ва давлат ҳам пеш меравад.                        Мехостам роҷеъ ба шарту шароит ва низоми пардохти маблағи беморон маълумот медодед?                     — Дар беморхона 10 рӯзи табобат муайян карда шудааст ва бемор баробари омаданаш маблағи 10 — рӯзаро ба хазина пардохт менамояд ва ин нархномаҳо ҳамааш бо Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва раёсати зиддимонополии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мусоидат карда шудаанд.                      Дигар ин ки, он маблағе, ки барои 10 рӯз супорида мешавад ҳамаи хизматрасонӣ ва доруву дигар лавозимот ба он шомил аст, ки беморон ё соҳибони бемор сарсон намешаванд.                      Ҳамкориҳои Шумо бо муассисаҳои тиббии хориҷӣ чи гуна аст ва баҳри баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон чӣ чораҳо андешида мешаванд?                    — Маркази ҷумҳуриявии худмаблағгузори бемории сутунмӯҳра бо муассисаи тиббии шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия ҳамкории зич дорад, ки аксари воситаҳои техникии лозима ҳангоми ҷарроҳӣ аз онҷо оварда мешанд, ки дар нархҳои он барои мо имтиёзҳои хеле муфид муайян шудааст ва он хело арзон меафтад. Масалан, тири оҳание, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ба сутунмӯҳра мемонанд нархи аслиаш зиёда аз 1000 доллари ИМА аст, вале онро мо то ҳамин ҷо ба маблағи 600 доллари ИМА дастрас менамоем. Ҳамчунин, бо якчанд муассисаҳои тиббии дигари кишварҳои ИДМ ҳамкорӣ дорем, ки дар онҳо кормандони мо ҷиҳати баланд бардоштани тахассусашон таҷрибаомӯзӣ мекунанд.                     Мо дар оянда нақша дорем, ки Маркази ҷумҳуриявии бемории сутунмӯҳраро бо дастрас намудани таҷҳизоти дар боло зикршуда, ба яке аз марказҳои пуриқтидори минтақа табдил диҳем.

Март 10, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд