КӮМАКҲОИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯНД
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳукумати Ҷопон барои лоиҳаи «Барқарор намудани наҳри обёрӣ дар ҷамоати Калининободи ноҳияи Ғончӣ» 82,681 доллари ИМА ҷудо намуд. Мақсади тадбиқи лоиҳа аз қисман мустаҳкам намудани наҳри ҷории 9 километрӣ, ки зиёда аз 50 сол инҷониб деҳаи «Янгиариқи болоро» обёрӣ мекунад, иборат аст. Бо сабаби тез-тез фурӯравии замин баъзе ҷойҳои наҳр вайрон шуда, ҳолати талафи обро ба миён овард. Наҳри барқароргардида талафи обро кам карда, самараи истифодабарии обро дар хоҷагиҳои фермерӣ афзун мекунад. Зиёда аз 3000 нафар аҳолии деҳаи «Янгиариқи боло» аз ин лоиҳа баҳравар гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро босамар обёрӣ карда метавонанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2009 Ҳукумати Ҷопон барои сохтмон ва барқарор намудани системаҳои обёрӣ 6 лоиҳаи кӯмаки бебозгаштро дар шаш ноҳия амалӣ месозад. Кӯмакҳои бебозгашт на танҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, балки ба дехқонон низ имкони кишти навъҳои мухталифи зироатҳои кишоварзиро фароҳам меорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






