КИШТИ ЧИГИТ- ОҒОЗ ЁФТ
Ҳамадонӣ, 20 март. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ кишти чигит оғоз ёфт. Муовини раиси ноҳия дар соҳаи кишоварзӣ Алихон Холиқов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Дар ноҳия 850 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. То имрӯз зиёда аз сад гектар кишти пунбадона гузарониданд. Хоҷагиҳои деҳқонии «Сафар», «Ҳасан», «Ҳино» дар ноҳия пешсаф буда, нақшаи киштро ба итмом расониданд. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки дар майдони 5000 гектар чигит коранд. Тухми пунбадона аз ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоб харидорӣ карда мешавад, чунки тухмии дар ноҳия мавҷудбуда аз сабаби сифати паст доштан қобили истифода нест. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон дар ноҳия озмоишгоҳи махсуси биологӣ ба кор шурӯъ намуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






