КИШТИ ЧИГИТ ОҒОЗ ЁФТ

Март 25, 2009 11:59

                  Қӯрғонтеппа, 25 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). — Дар хоҷагиҳои навоҳии ҷанубии вилояти Хатлон кишти чигит оғоз ёфт. Мудири шӯъбаи раёсати кишоварзии вилоят Чамангул Абдусаломова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон дар масоҳати 6 ҳазору 291 гектар чигит корида шуд. Деҳқонони вилоят имсол ният доранд, ки дар масоҳати 136 ҳазору 680 гектар замин чигит коранд.                  Деҳқонони ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷилликӯл дар вилоят аввалин шуда, ба кишти чигит шурӯъ намуданд.                  Ч.Абдусаломова зикр намуд, ки дар оғози кишти чигит барои таъмини сифати хуби он дар хоҷагии «Кӯлоб» — и ноҳияи Вахш семинар гузаронида шуд. Дар он роҳбарону намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзида, таҷрибаи ҳамдигарро омӯхтанд.  

Март 25, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд