КИТОБИ ОЛИМИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ ЧОП ШУД
Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Китоби илмии олими тоҷик — декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Кароматулло Холиқов таҳти унвони «Мақом, сохтор ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад. Дар китоб фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом ва нақши он дар низоми ҳуқуқи мамлакат ҳамаҷониба таҳлил карда шудааст. Дар он масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳокимияти судии мамлакат баррасӣ карда мешаванд, ки дар бобати баррасии мувофиқати ҳамаи қонунҳо ба Конститутсия ва бартараф сохтани баҳсу мунозираҳо дар соҳаи амалӣ сохтани сиёсати давлат салоҳияти махсус дорад. Дар асар инчунин низоми қонунбарории Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионӣ таҳлил карда шудааст. Дар он проблемаҳои назариявии марбут ба фаъолияти судӣ ошкор карда мешаванд. Китоб барои донишҷӯён, аспиранҳо ва омӯзгорони факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳамаи онҳое пешбинӣ карда мешавад, ки ба масъалаҳои сохтору фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд. Китоб бо кӯмаки Агентии иттилоотии «Тоҷиинфо» дар Федератсияи Русия чоп шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






