КОНИБОДОМ МАКОНИ БОДОМ МЕШАВАД
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, соли ҷорӣ дар маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳру навоҳии кишвар, дар ду тарафи роҳи Конибодом -Хуҷанд беш аз 20 ҳазор ниҳоли бодом шинонда шудааст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ масоҳати бодомзори ноҳия ба 47,7 гектар расонида шуд. Барои парвариши бодоми навъи «Фарғона» иқлими ин ноҳия хеле мувофиқ аст. Дар назар аст, ки масоҳати боғҳои бодоми ноҳия то ба 200 гектар расонида шаванд ва Конибодом ба маънии аслиаш макони бодом бошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






