КОРГОҲҲОИ НАВИ ОРДКАШӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИНАВУ САРБАНД

Март 20, 2009 09:30

                   Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Сарбанд бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои нави ордкашӣ сохта шуданд, ки бо дастгоҳҳои компютерӣ идора карда мешаванд. Дар ин коргоҳҳо дар як шабонарӯз аз 80 то 100 тонна орд истеҳсол карда мешавад. Дар ҳар кадоми онҳо қариб 60 нафарӣ коргар кор мекунад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои сохтани як коргоҳи ордкашӣ 540 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Чунин коргоҳ ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сохта мешавад.                   Ҳадафи ин иқдом ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва арзон кардани нархи маводи озуқа мебошад.                   Хабар дода мешавад, ки дар давоми ду моҳи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 85 ҳазору 299 тонна гандум ворид карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 ҳазор тонна зиёд аст. Айни ҳол дар мамлакат 82 ҳазору 381 тонна орд, 117 ҳазору 372 тонна навъҳои гуногуни нон ва 275 тонна макарон истеҳсол карда мешавад.                    Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарифов зикр намуд, ки андози ворид сохтани гандум ба ҷумҳурӣ 10 фоиз кам карда шуд. Дар натиҷа ҳаҷми ворид сохтани он меафзояд.  

Март 20, 2009 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад