КОРХОНАИ НАВИ КАБЕЛБАРОРӢ

Март 18, 2009 15:13

                  Душанбе, 18 март (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Душанбе сохтмони корхонаи нави кабелбарорӣ оғоз ёфт, ки дар як сол 12 ҳазор тонна маҳсулот мебарорад. Корхона тибқи фармоиши ҷамъияти саҳомии «Проси — сервис» сохта мешавад. Онро коргарони Ширкати саҳомии «Сомон — Тоҷиксохтмон» бо маблағи иттиҳодияи «ТАЛКО — менеҷмент — ЛТД» месозанд. То имрӯз барои сохтмони корхона 8,5 миллион сомонӣ сарф карда шуд.                  Маҳсулоти корхона эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои саноати мамлакатро қонеъ мегардонад, дар оянда маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар бароварда хоҳад шуд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ҷо кабелҳои баландшиддат, пастшиддат, кабелҳои сетораи дорои оиқи алюминий, маводи муҳофиз ва гайра истеҳсол карда мешавад. Директори Ҷамъияти саҳомии «Сомон — Тоҷиксохтмон» Самиулло Шодиев ба хабарнигорон гуфт, ки корхона соли 2010 ба истифода дода хоҳад шуд.  

Март 18, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад