КОРМАНДОНИ МОЛИЯ БӮҲРОНИ МОЛИИ ҶАҲОНИРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

Март 17, 2009 16:59

                Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он масъалаи муҳими рӯз — «Бӯҳрони молиявии байналмилалӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид. Оид ба ин мавзӯъ сардорони раёсату шӯъбаҳо ва мутахассисон маърӯза карданд.                 Аз ҷумла, мавзӯъҳои «Нигоҳ доштани мӯътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ бо назардошти таъсири бӯҳронӣ молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Бўҳрони молиявии имрӯза: мавқеъ ва сабаби рўй додани таъсири он ба иқтитсодиёти ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.Дар фарҷоми мизи му даввар сардори Сарраёсати буҷети давлатӣ Нарзулло Абибуллоев ба сардорони раёсат ва шўъбаҳои Сарраёсати буҷети давлатӣ супориш дод, ки аз рӯи натиҷаҳои мизи мудаввари имрӯза оид ба ҳалли роҳҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони имрӯза нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва онро ба Сарраёсат пешниҳод намоянд.  

Март 17, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд