КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ» БЕШТАР АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ ХУДӢ

Март 12, 2009 09:22

                   Душанбе, 12  март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намуд, ки маблағҳои барномавиро барои соли 2008 дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ намоянд. Аммо дар соли 2008 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои иҷрои барномаи мазкур маблағ ҷудо накард, ки ин боиси таассуф аст», — ин нуқтаро дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуданд.                   КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар солҳои 2007-2008 барои барқарорсозии хатти оби нӯшокӣ 196,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, 6 адад стантсияи насосии фишорбаландкунӣ таъмир гардида, таҷҳизоти зарурии онҳо иваз карда шуд. Инчунин, як адад трансформатор ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ, муҳаррики барқии 106 кВт ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, дар кӯчонидани стантсияи насосии партовобҳои «Вокзал» 10 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ анҷом дода шудааст.                   Тибқи иттилои манбаъ, то 1-уми январи соли ҷорӣ қарзҳои дебитории корхона 581,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Қарзҳои кредиторӣ бошанд дар ин давра ба 578,6 ҳазор сомонӣ баробар шуд.                   Бояд гуфт, ки сарфи қувваи барқ дар моҳи январи соли 2009-ум 543,2 ҳазор кВт соатро ташкил дод, ки ин ба маблағи 38026 сомонӣ баробар аст.

Март 12, 2009 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад