М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАЪОЛИЯТИ КООПЕРАТИВҲОИ СОҲИБМУЛКОНИ МАН

Март 27, 2009 16:52

                       Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27 март дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид.                      Дар назди вакилон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов доир ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисию ҳаётан муҳим ва соҳаҳои мухталифи иқтисодию -иҷтимоии шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 ва вазифаҳои таъхирнопазири мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2009 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе ҳисобот дод.                        А. Сулаймонов гуфт, ки бо вуҷуди баъзе мушкилот дар пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба зимистони солҳои 2009 -2010 корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст. Алҳол дар як қатор зеристгоҳҳои барқтаъминкунии пойтахт корҳои таъмиру таҷдид идома ёфта, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ идома дорад.                        Танҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта дар муассисаҳои соҳаи маориф ва танудурустии пойтахт 4 дегхона сохта ба истифода дода шуд ва дар ояндаи наздик сохтмони 22 адад чунин дегхонаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба андешаи А. Сулаймонов яке аз роҳҳои баровардани пойтахт аз мушкилоти хизматрасонӣ дар бахши хизматрасонии коммуналӣ, ин таҷдиди системаи гармидиҳӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, насби ҳисобкунакҳои электронӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи потенсиали кооперативҳои соҳибмулкони манзил мебошад.                        Бояд тазаккур дод, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ум 70 фоизи арзу шикояти шаҳрвандон ба масъалаи набудан ва танқисӣ аз нерӯи барқ рост меояд. Дар робита Раиси шаҳр аз намояндаи ширкати «Барқи Тоҷик» талаб намуд, ки проблемаҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал намуда, ҷиҳати рафъи мушкилот тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, М. Убайдуллоев ба муовини аввалаш А. Сулаймонов доир ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва рафъи онҳо то 1 майи соли равон мӯҳлат дод.                       Ҳамзамон, М. Убайдуллоев хостори баланд бардоштани мавқеъ ва фаъолияти кооперативҳои соҳибмулкони манзил дар пойтахт шуда, ба сардорони коперативҳои мазкур ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаи коммуналии пойтахт дар шароити шиддатёбии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастурҳои мушаххас дод.                       Инчунин, вакилон Абдуғаффор Рауфӣ, Абдулло Ҳабибов, Марҳабо Ҷабборова ва дигар намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ҳизбҳои сиёсӣ роҷеъ ба масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 ва рафъи мушкилоти мавҷуда, ибрози назар карда, пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд баён карданд.                      Дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуданд.

Март 27, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд