М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ФАЪОЛГАРДОНИДАНИ КООПЕРАТИВҲОИ СОҲИБМУЛКОНИ МАНЗИЛ ШУД

Март 27, 2009 16:58

                  Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-27 март дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид.                 Дар назди вакилон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов доир ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисию ҳаётан муҳим ва соҳаҳои мухталифи иқтисодию -иҷтимоии шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 ва вазифаҳои таъхирнопазири мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2009 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе ҳисобот дод.                   А. Сулаймонов гуфт, ки бо вуҷуди баъзе мушкилот дар пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба зимистони солҳои 2009 -2010 корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст. Алҳол дар як қатор зеристгоҳҳои барқтаъминкунии пойтахт корҳои таъмиру таҷдид идома ёфта, насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ идома дорад.                   Танҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта дар муассисаҳои соҳаи маориф ва танудурустии пойтахт 4 дегхона сохта ба истифода дода шуд ва дар ояндаи наздик сохтмони 22 адад чунин дегхонаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба андешаи А. Сулаймонов яке аз роҳҳои баровардани пойтахт аз мушкилоти хизматрасонӣ дар бахши хизматрасонии коммуналӣ, ин таҷдиди системаи гармидиҳӣ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, насби ҳисобкунакҳои электронӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи потенсиали кооперативҳои соҳибмулкони манзил мебошад.                    Бояд тазаккур дод, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ум 70 фоизи арзу шикояти шаҳрвандон ба масъалаи набудан ва танқисӣ аз нерӯи барқ рост меояд. Дар робита Раиси шаҳр аз намояндаи ширкати «Барқи Тоҷик» талаб намуд, ки проблемаҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал намуда, ҷиҳати рафъи мушкилот тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, М. Убайдуллоев ба муовини аввалаш А. Сулаймонов доир ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва рафъи онҳо то 1 майи соли равон мӯҳлат дод.                   Ҳамзамон, М. Убайдуллоев хостори баланд бардоштани мавқеъ ва фаъолияти кооперативҳои соҳибмулкони манзил дар пойтахт шуда, ба сардорони коперативҳои мазкур ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаи коммуналии пойтахт дар шароити шиддатёбии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастурҳои мушаххас дод. Инчунин, вакилон Абдуғаффор Рауфӣ, Абдулло Ҳабибов, Марҳабо Ҷабборова ва дигар намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ҳизбҳои сиёсӣ роҷеъ ба масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009-2010 ва рафъи мушкилоти мавҷуда, ибрози назар карда, пешниҳодҳои ҷолиб ва судманд баён карданд.Дар иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ карда шуданд.

Март 27, 2009 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд